Хуҷанд: Раъйдиҳии 80 фоизи интихобкунандагон

Март 1, 2015 15:07

Хуҷанд, 1.03.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода). — Дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ҷараёни интихобот дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ дар сатҳи баланд ҷараён дорад.
Тавре ки ба хабарнигори  АМИТ “Ховар”  роҳбари маркази матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд Маҳмудҷон Дадобоев иттилоъ дод, субҳи барвақт раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба участкаи интихоботии №24, ки дар мактаби таҳсилоти умумии № 5 ҷойгир аст, омада, раъйи худро ба номзадҳои мақомоти намояндагии маҳаллӣ ва марказӣ дод.
Ба гуфти манбаъ, баҳри баргузории интихоботи парлумонӣ дар шаҳри Хуҷанд 40 ҳавза ва 64 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудаанд,  ки дар умум дар раванди баргузории чорабинии мазкур сокинони Хуҷандшаҳр  ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  1 нафарро,  барои маҷлиси вилоятӣ   7 нафарро  ва ба маҷлиси шаҳрӣ   40 нафарро интихоб хоҳанд кард. 
То зӯҳри имрӯз аз шумораи умуми иштирокдорон  ки 98 ҳазору 720 нафарро дар бар мегиранд, 79,91% ё ин ки 78 ҳазору 885 нафар райдиҳандагон овоз додаанд.
“Аз шумораи умумии иштирокдорон 1922 нафар бори аввал дар интихобот иштирок доранд” – илова намуд манбаъ.  
 

Март 1, 2015 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад