Иқдомҳои Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи ҷаҳонӣ шуд

Март 15, 2015 14:52

Душанбе, 15.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — Аз 10 то 13 марти соли 2015 дар шаҳри Копенгагени Дания ҳамоиши байналмилалӣ оид ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ доир гардид.Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Конфедератсияи Дания оид ба саноат ва дигар созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардида, дар он зиёда аз 300 нафар намояндагони бахшҳои давлативу хусусӣ ва шарикони рушд аз 54 мамлакати олам иштирок намуданд.Чорабинии мазкурро шоҳбонуи Дания хонум Мари ифтитоҳ намуда, вобаста ба аҳамияти муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар рушди иқтисодии мамлакат ибрози назар намуд.Сардори шуъбаи маҷмўӣ ва иттилооти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволида влатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Назурдинов иттилоъ дод, ки дар чорабинӣ ҳамчунин намояндагони як қатор сохторҳои муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, корхонаҳои бузурги саноатӣ, созмонҳои соҳибкорӣ, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ суханронӣ намуданд. Намояндагони кишварҳои иштирокчӣ оид ба фаъолияти сохтори муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва аҳамияти он ҷиҳати рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва дар маҷмуъ рушди иқтисодиёти мамлакатҳои худ муаррифномаҳо пешниҳод намуданд.Дар кори форум, аз ҷумла корҳои анҷомдодашуда дар самти таҳкими муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.Қобили тазаккур аст, ки бо эътирофи ислоҳоти аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳсозии фазоисармоягузориву соҳибкорӣ таҳти сарварии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доиргардида дар байни сохторҳои муколамаи давлат ва бахши хусусии мамлакатҳои иштирокчӣ – Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид бабеҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун сохтори беҳтарини муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар арсаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд ва бо ҷоизаи байналмилалии «Ҳовард» (Howard)-и Бонки Ҷаҳонӣ ва Конфедератсияи Дания оид ба саноат сарфароз гардонида шуд.Маврид ба ёдоварист, ки соли гузашта дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ислоҳот дар самтҳои беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ, суғурта, рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ, ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон, ба тасвиб расонидани Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон, нахустин Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе–2014 таҳти унвони «Соҳибкорӣ–муҳаррики иқтисодиёт» ва дигар чорабиниҳо дар самти беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ гузаронидашуданд.

Март 15, 2015 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!