Иқдоми хайр дар арафи Наврӯз
Душанбе, 12.03.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-Дар арафаи ҷашни Наврӯз бо дастури раёсати дафтари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон ба гурӯҳе аз занони бесарпарасти минтақаи Қӯрғонтеппа кумаки ғизоӣ ва маводи шустушӯӣ расонида шуд.
“Ин кумакҳо тавассути шуъбаи Кумитаи имдод дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба занони ниёзманд сари вақт дастрас гардиданд”, гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ “Ховар” Абдуғаффори Солеҳ –корманди ин кумита дар шаҳри Қӯрғонтеппа. Мавсуф афзуд, ки ҳамзамон ин иқдомро чанде аз хайирини маҳаллӣ ҷонибдорӣ намуда, аз тарафи онҳо ба миқдори 10 килоӣ орд ба ин кумакҳо илова шуд.
Абдуғаффори Солеҳ афзуд, ки Кумитаи имдод аз тариқи дармонӣ, фарҳангӣ, ғизоӣ ва худкифоӣ ба ниёзмандон кумак мерасонад. Барномаи худкифоии ин ниҳоди хайрия барои рушди зиндагӣ ва ба кор ва шуғли муайян фаро гирифтани духтарону занони ниёзманд иқдомоти наҷиберо ба роҳ мондааст, ки ба онҳо ба муддати 2 сол қарзи бе фоиз дода мешавад, ки аз рӯи шароити доштаашон имкон доранд корҳоеро ривоҷ дода, вазъи зиндагии худро беҳтар созанд. Дар айни замон зиёда аз 100 нафар модарони сарпарасти оила дар минтақаи Қӯрғонтеппа аз тарҳи худкифоии Кумитаи имдод бархурдор буда, ба тиҷорат, парвариши чорво, гулпарварӣ, асалпарварӣ, дӯзандагӣ ва соири ҳунарҳои мардумӣ машғуланд.
Ҳамзамон Кумитаи имдод дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, инчунин барои фарзандони оилаҳои ниёзманду бесарпараст марказҳои омӯзишии дӯзандагӣ, компютер, кафшергарӣ, лӯлакашӣ ва ғайраро дар тамоми манотиқи кишвар таъсис додааст, ки аз он ба таври ройгон омӯзиш мегиранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






