Ифтитоҳи Амфитеатри маҷмааи Арбоб
Душанбе, 23.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз дар паҳлӯи қасри фарҳангии Арбоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои зебои амфитеатр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Амфитеатри маҷмааи Арбоб, ки шакли нимдоира дорад, дар масоҳати умумиии 3,5 га ҷойгир шуда, дорои 7000 ҷойи нишаст мебошад.Ин иншооти зебои фарҳангию варзишӣ ҳамчунин дорои толор барои тамошобинони олимақом, ҳуҷраҳо барои омодашавӣ ва машқу тамрини ҳунармандон, 2 маҷлисгоҳ ва утоқҳои дигари ёрирасон мебошад.Андозаи саҳна 80х54-метр буда, намуди барои чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва бозию дилхушӣ пешбинӣ шудааст.Атрофи саҳна ва дигар гӯшаҳои амфитеатр бо сутунҳои зебо ва нақшу нигор оро ёфтааст.Даромадгоҳи амфитеатрро ҳамчунин фаввораи даврашакл ҳусни дилкаш мебахшад. Атрофи биноро дарахтони ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо зебу зиннат медиҳанд.Дар амфитеатри зебои навбунёд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ шоҳиди чорабинии варзишии Рӯзи паҳлавонон ва даври ниҳоии мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ шуданд.Дар даври ниҳоии мусобиқот паҳлавонони номдор аз ҷумҳуриҳои ҳамсояи Қирғизистону Узбекистон ва аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон қувваозмоӣ намуданд.Ҷойи авввал ва шоҳҷоизаи мусобиқот – мошини сабукрави тамғаи Hynday насиби паҳлавони машҳури тоҷик Комроншоҳи Устопириён гардид.Калиди шоҳҷоиза ва дигар ҷоизаҳо ба ғолибони мусобиқоти гуштингирӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






