Интиқоли ҷасади қурбониёни фоҷиаи Қазон ба ватан

Март 13, 2015 15:00

Душанбе, 13.03.2015.(АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандон ва наздикони нафароне, ки дар натиҷаи сўхтор дар маркази савдои «Адмирал» дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия ҳалок шудаанд, тасаллият баён менамояд.
Хотиррасон мекунем, ки дар натиҷаи фоҷиае, ки  11 марти соли ҷорӣ дар Қазон рух дод, аз ҷумла миёни ҳалокшудагон ҷасади шаш нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайдо гардид, ки  онҳо Тураев Қосимҷон Аъзамхонович, соли таваллудаш 1971 ва Ҳикматуллои Ҳайтуллохон, соли таваллудаш  1992, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, Риёев Эмомалӣ Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1984 ва Давронов Алишер Азизович, соли таваллудаш 1996, сокинони ноҳияи Ёвон мебошанд. 
Инчунин рўзи 12 март ҷасади боз ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар натиҷаи ин фоҷиа ҳалок гаштаанд-  Ҳомидов Шокир Ҳокимович ва фурӯшандаи маҳсулоти атриёт Суҳроб, ки шахсияташ дар айни замон муайян шуда истодааст, дарёфт гардид.  
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷирати вазорат,  Намояндагии вазорат дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия барои интиқоли ҷасадҳо ба Тоҷикистон  кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Рӯзҳои наздик ҷасадҳои қурбониёни ин фоҷиа ба ватан оварда мешаванд.     

Март 13, 2015 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!