Интихобкунандагони 18-сола фаъоланд
Душанбе, 01.03.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Субҳи имрӯз аз соати 6-00 дар участкаи интихоботии рақами 33, воқеъ дар ноҳияи И.Сомонии ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ, рақами 2 -и пойтахт интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо оғоз гардид.
Дар участкаи номбурда 2 ҳазору 486 нафар ба қайд гирифта шудааст. То соати 10-40 дақиқа 945 нафар ё худ 38 фоизи интихобкунандагон дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок намуданд.
Тавре ки раиси участкаи интихоботии рақами 33 Гулнора Раҳимова хабар дод, дар участкаи мазкур 35 нафар интихобкунандаи 18- сола, ки бори нахуст дар интихобот иштирок мекунад, ба қайд гирифта шудааст.
«Мо ба ҳар як интихобкунандаи 18- сола гул тақдим карда истодаем ва то ин дам гулҳои мо қариб тамом шудаанд,-мегӯяд Гулнора Раҳимова.- Ин шаҳодат аз он медиҳад ки қисми зиёди интихобкунандагони 18- сола аллакай дар интихоботи имрӯза иштирок намуданд».
Дар участкаи интихоботии рақами 33, воқеъ дар ноҳияи И.Сомонии ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ, рақами 2- 1 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 7 нафар бемор ба қайд гирифта шудааст, ки пас аз соати 12 -00 шахсони масъул ба хонаҳои онҳо бо қуттиҳои сайёр рафта, овозҳои онҳоро ҷамъоварӣ хоҳанд намуд. Барои ин аз тарафи корхонаи «ТоҷикСемент» се адад мошин ҷудо шудааст.
«Дар участкаи мо нозирон аз ҲХДТ, ҲНИТ ва ҲКТ иштирок доранд»,-илова намуд мусоҳиб.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






