Интихобот дар Ҳисор бидуни намояндаи ҲХДТ ваҲСДТ
Душанбе, 1.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Субҳи имрӯз кӯчаю ҷодаҳои Ҳисор шукӯҳи идона дошт. Садои карнаю сурнай дар пайи расонидани муждаи баҳор инчунин мардумро ба интихоботи парлумонӣ, ки фардои дурахшони миллату сарзамин ва суботу амнияти кишвар аз он сарчашма мегиранд, даъват мекард.
Шурӯъ аз соати 6:00 дар 79 қитъаҳои раъйдиҳии ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ҳисор №7 овоздиҳӣ шурӯъ гардид, гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Илҳомиддин Буриев -раиси Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Ҳисор №7. Мавсуф афзуд, ки то соати 8:00 16,5 % -и интихобкунандагон дар интихобот ширкат варзида, ба номзади арзандаи худ раъй доданд.
Илҳомиддин Буриев зикр кард, ки дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ҳисор 120 ҳазору 528 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, аз он 3 ҳазору 143 нафар бори нахуст дар интихобот иштирок менамояд. Инчунин 7 ҳазору 791 нафар интихобкунандаг ҳавзаи мазкур дар хориҷи кишвар қарор дорад.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ҳисор се номзад Субҳон Сатторов, намояндаи Ҳизби аграрӣ, Абдунабӣ Бердиев, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Шарофиддин Сироҷов аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо ҳам рақобат менамоянд.
Илҳомидин Буриев афзуд, ки ду номзади дигар намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Абдуҳалим Самадов ва намояндаи Ҳизби сотсиал -демократи Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев /худпешбар/ номзадиашонро бозпас гирифта буданд.
Мавриди зикр аст, ки ҷараёни баргузории интихоботи парлумониро дар қитъаҳои овоздиҳии ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ҳисор нозирони байналмилалӣ аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мушоҳида намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






