Интихобот дар намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷа

Март 1, 2015 13:27

Душанбе, 01.03.2015 (НИАТ «Ховар»).-
Интихобот дар Анқара
 
Дар Участкаи интихоботии 69/17 дар толори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия овоздиҳӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардид. 
То соати 10:00 аз 250 нафар шумораи ба қайд гирифташудагон 25 нафар шаҳрванди кишварамон дар овоздиҳӣ ширкат карданд, ки 10% интихоб кунандагони ҳавзаро дар бар мегирад. 
Маъракаи интихоботӣ идома дорад.
 
Интихобот дар  Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай
 
Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай идома дорад ва то соати 12 нисфирӯзӣ дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Аксҳо…
 
Интихобот дар  шаҳри Остона
 
1 марти соли 2015 участкаҳои интихоботии №59/7 дар ш. Астана ва №80/28 дар ш. Алмаато аз соати 8-00 вақти қазоқистонӣ кушода шуданд.
 
То соати 13-00 дар участкаҳои интихоботӣ беш аз 50% шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар рӯйхати овоздиҳӣ дохил буданд, овоз доданд, ки ин аз иштироки фаъоли интихобкунандагон шаҳодат медиҳад.      
 
Интихобот дар Озарбойҷон
 
1 марти соли 2015, соати 8:00 ба вақти маҳалӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон овоздиҳӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардид.
 
Дар рафти интихобот нозирони Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ Алиев Камил ва Юсифов Рамзи иштирок намуда, рафти овоздиҳиро назорат менамоянд.
 
Аз соати 8:00 то соати 11:00 аз 70 нафар шумораи ба қайдгирифташудаи интихобкунандагон 35 шаҳрванди кишварамон дар овоздиҳии ширкат варзиданд, ки 50 дарсади интихобкунандагонро ташкил медиҳанд.
 
 
Интихобот дар Теҳрон
 
Имрӯз, 1 марти соли 2015 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумхурии Исломии Эрон шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Эрон муваққатан зиндагӣ ё таҳсил менамоянд, дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо фаъолона иштирок доранд.
 
Ҷавонон, ки нерӯи созанда ва ҳомиёни давлату миллатанд, дар ҳамаи арсаҳои зиндагӣ ҳамеша пештоз мебошанд, яке аз аввалинҳо шуда донишҷӯёни Донишгоҳи умумипизишкии Исфаҳон, Донишгоҳи миллии Исфаҳон ва Донишгоҳи байналмилалии Имом Хумайнии Казвин дар маъракаи муҳими сиёсии кишвар-интихоботи вакилони парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, райъи худро доданд.
 
Иштироки шаҳрвандон дар маъракаи муҳими сиёсӣ идома дорад.   
 
 
Интихобот дар Кувайт
 
Имрӯз, 1 марти соли 2015, соати 10 субҳ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт интихоботи вакилони Маҷилиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида, то ҳол идома дорад.
 
Шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Кувайт дар интихобот фаъолона иштирок намуда истодаанд.
 
 
Интихобот дар Покистон
 
1 марти соли 2015 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Ҷумҳурии Исломии Покистон кору фаъолият менамоянд, ҳуқуқҳои конститутсионии худро оид ба интихоб намудан татбиқ карда, имрӯз дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷиҳати интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй медиҳанд.
 
Бояд қайд намуд, ки дар шумори интихобкунандагон донишҷӯён ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Покистон умр ба сар мебаранд, мебошанд.
 
 
Интихобот дар Берлин
 
Дар участкаи интихоботии 65/13 Берлин-и Олмон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 8.00 ба вақти маҳаллӣ оғоз гардида, то ҳол идома дорад.
 
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федералии Олмон ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ тамоми чораҳои заруриро андешид.
 
Интихобот дар Афғонистон
 
1 марти соли 2015, соати 6 маъракаи овоздиҳӣ ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
 
То соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ, аз ҷумлаи 141 нафар дар рӯйхати интихоботӣ мавҷудбуда, 42 нафарашон ба номзадҳои интихобкардаи худ ва аҳзоби сиёсӣ овоз доданд.
 

Ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар Туркия
 
Анқара, 01.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқим Малаев). – Имрӯз дар шаҳри Анқара дар бинои Сафорати Ҷумҳури Тоҷикистон дар Туркия интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор гардид.
Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия иқомат доранд, далели он мебошад, ки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия раванди даъвати интихобкунандагонро ба таври зарурӣ ба роҳ мондааст. Дар макони баргузоршавии интихобот ҳамаи шароитҳо барои озодона интихоб намудани номзади дилхоҳ фароҳам оварда шудааст. Инчунин барои баргузор намудани интихоботи демократӣ қуттии шаффоф гузошта шуда буд. 
То соати 15:30 вақти маҳаллӣ бештар аз 70 фисади овоздиҳандагон, аз шумули донишҷӯёни тоҷик ва шаҳрвандони тоҷики муқими Анқара раъйи худро ба ҳизбҳо ва номзадҳои интихобкардаашон доданд. 
Ҳангоми мусоҳибаи хабарнигори АМИТ “Ховар” бо донишҷӯён маълум гардид, ки онҳо аз рӯи ҳисси ватандӯстӣ ва қарзи шаҳрвандии худ лозим донистанд, ки аз шаҳру навоҳиҳои дурдаст ба сафорати кишвари худ омада, вазифаи муқаддаси шаҳрвандии худро анҷом диҳанд.
 
Раъйдиҳӣ дар Қоҳира
 
Душанбе, 01.03.2015 (НИАТ “Ховар”).- Соати 8 субҳи 1 феврали соли 2015 ба вақти Қоҳира Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср, ки дар он қитъаи интихоботӣ роҷеъ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, дарҳои худро ба рӯи интихобкунандагон боз намуд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Миср иқомат мекунанд ва ғолибан аз донишҷӯёни донишгоҳҳои гуногуни кишвари мазкур иборат мебошанд, аз соатҳои нахустини ифтитоҳи қитъаи интихоботӣ дар раъйдиҳӣ фаъолона ширкат мекунанд.
Раъйдиҳӣ дар Қоҳира то соати 8 шом идома хоҳад ёфт.

 
Интихоботи парлумони дар ИМА
Душанбе, 1.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вашингтон аз соати 6 субҳ бо вақти маҳаллӣ интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Комиссия участкавии интихобот оид ба Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №77/25 – аз ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3 рафти интихоботро таъмин намуда, то соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ тамоми шароити лозимаро ҷиҳати интихоби вакилон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка иқомат доранд, фароҳам месозад.

 

Март 1, 2015 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад