«Истиқлол» ба Кувейт омад

Март 17, 2015 13:40

Душанбе, 17.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ҳайати қаҳрамони  секаратаи  Тоҷикистон клуби  футболи  «Истиқлол» 16  март ба  Кувейт омад, ки дар  ҳошияи  марҳалаи  сеюми даври  гурӯҳӣ барои  дарёфти  Ҷоми Конфедератсияи  футболи  Осиё  18  март  дар  он  ҷо  бо  дастаи  «Ал — Қадсия» вомехӯрад. 
Назар  ба  иттилои  сомонаи  расмии  дастаи  футбол,  ҳайати  мураббиёни «Истиқлол» барои вохӯрӣ бо  дастаи «Ал — Қадсия» 17   нафар бозингарон, аз ҷумла дарвозабонҳо  Никола  Стошич, Қурбоналӣ  Бобоев,  муҳофизон  Соҳиб  Савонқулов,  Эраҷ  Раҷабов,  Ҷаҳонгир  Ҷалилов, Аҳтам  Назаров, Сиёвуш  Асроров,  Петро Ковалчук, ниммуҳофизон  Ромиш  Ҷалилов,  Нуриддин  Давронов,  Хуршед  Маҳмудов,  Фатҳулло Фатҳуллоев,  Парвизҷон  Умарбоев, Умедҷон  Шарифов,  ҳамлагарон  Дилшод  Восиев, Манучеҳр  Ҷалилов ва  Бледа  Родригесро  бо  худ  гирифтааст.
Футболбози  эронӣ Меҳди Чоҳҷӯӣ  бинобар надоштани  раводид  ба  Кувейт  рафта натавонист. 
 
 

Март 17, 2015 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд