Иттилои тоза аз раванди баргузории интихобот
Душанбе, 1.03.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ, ки ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ ворид шудаанд, то соати 12:00 дар саросари кишвар 48,5 % интихобкунандагон дар маъракаи интихоботи парлумонӣ иштирок намуда, раъйи худро додаанд. Дар ин бора узви КМИР Ҷамшед Ҷамшедов иттилоъ дод.
Иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ аз фаъолияти самаранок ва омодагии баланди комиссияҳои интихоботӣ, инчунин боло рафтани сатҳи маърифати ҳуқуқии сокинони кишвар шаҳодат медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки иттилои минбаъда доир ба раванди интихобот соати 15:00 пешкаш мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






