Кӯчиши 350 хоҷагӣ ба мавзеъҳои бехавф
Душанбе, 13.03.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Хадамоти муҳоҷират Нурулло Назаров иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташакиллона кўчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016» тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд ва барои аз минтақаҳои хавфнок кӯчонидани хоҷагиҳо аз ин мавзеъҳо, рўйхати 350 хоҷагии дар соли 2015 кўчонидашавандаро омода карда, баъд аз мувофиқа бо сохторҳои давлатӣ барои тасдиқ ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода пешниҳод намудааст, ки рўзҳои наздик ба тасвиб мерасад. .
Бино ба гуфтаи сарчашма, бо фарорасии фасли баҳор кўчонидани 350 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфноки экологӣ ба мавзеъҳои бехавф, аз ҷумла аз ВМКБ — 34 хоҷагӣ; вилояти Суғд — 55, вилояти Хатлон — 175, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 86 хоҷагӣ дар назар аст.
Муҳоҷирони кӯчонидашаванда бо қарзи имтиёзнок ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин мешаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






