Кӯлоб: қадрдонии собиқадорони ҷангу меҳнат
Душанбе, 20.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Нуҳ нафар собиқадори ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб дар арафаи иди Наврӯз аз туҳфаҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ бархурдор гаштанд. Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Юсуфзода Юсуфҷон зимни вохӯрӣ бо ин нафарон паёми наврӯзии Сарвари давлат ва туҳфаҳои президентиро ба онҳо супорида арз дошт, ки чун оини неки давлатдорӣ ва риояи суннатҳои бузурги наврӯзӣ Сарвари давлат ҳар сол, ин айём ашхоси дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат заҳмат кашидаро қадршиносӣ менамояд. Ӯ ҳамчунин гуфт давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша заҳматҳои онҳоро қадр намуда, ба маслиҳати онҳо дар тарбияи насли ҷавон ниёз дорад.
Юсуфҷон Юсуфзода бо ишора ба гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои ифротгароӣ аз пирони кор даъват намуд, то дар пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб миёни ҷавонон корҳои таблиғотӣ баранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






