Кӯлоб: омодагиҳо ба истиқболи Наврӯз
Кӯлоб, 17.03.2015.(АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).- Маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб масъалаи омодагӣ ба истиқболи иди Наврӯз ва қабули меҳмонон аз ИДМ-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Тавре ки маълум аст, имсол дар шаҳри Кӯлоб се ҷашнвораи бузург истиқбол гирифта мешавад, ки дар чаҳорчӯби «Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудани шаҳри Кӯлоб дар соли 2015» дар рӯзҳои истиқболи иди Наврӯз як ҳайати баландпояи меҳмонон аз давлатҳои ИДМ ба шаҳри Кӯлоб ташриф меоранд. Дар назар аст, ки 25 март дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз маросими супоридани шаҳодатномаи Пойтахти фарҳангӣ ба шаҳри Кӯлоб ва гузоштани санги асос дар макони бунёди Рамзи Пойтахти фарҳангӣ баргузор гардад. Ба хотири дар сатҳи баланд баргузор намудани иди Наврӯз ва пешвози меҳмонони олиқадр дар шаҳр гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфтаанд, ки шаҳрро то рӯзи ид аз лиҳози тозагиву озодагӣ омода хоҳанд кард. Ҳамчунин ба ин хотир дар тамоми кӯчаву маҳаллаҳо, идораву ташкилотҳо, корхонаву муассисаҳо мунтазам шанбегиҳо гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






