«Кӯлоб — пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2015»

Март 20, 2015 16:02

Душанбе,20.03.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ 25- уми  марти соли равон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон маросими ифтитоҳи чорабиниҳои тантанавӣ ба ифтихори «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳри Кӯлоб дар соли 2015» баргузор мегардад. 
Ба ин муносибат меҳмонон дар ҳайати Коныбек  Жусупбеков, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Михаил Швыдкой, ҳамраиси Раёсати бунёди байнидавлатии гуманитарии ИДМ Анатолий  Иксанов, директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии гуманитарии ИДМ Александр  Гусев, сарвари маъмурияти округи шаҳри Воронеж, Савицкая П., муовини сарвари маъмурияти округи шаҳри Воронеж, О.Н. Извекова, сардори Раёсати иттилооти маъмурияти шаҳри Воронеж ва дастаи ҳунарии «Хори давлатии академии халқии русӣ ба номи К. И. Массалитинови шаҳри Воронеж» 23 март ба шаҳри Кӯлоб меоянд. 
Рӯзи 24 март ҳайати расмии меҳмонон бо роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб мулоқот анҷом медиҳанд. 
Субҳи 25 март меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, соати 10- 00 дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳри Кӯлоб дар соли 2015 ва консерти идона бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Амфитеатр ширкат меварзанд. 
Тибқи барнома пас аз нисфирӯзӣ иштироки меҳмонон дар маросими гузоштани хишти аввали нишони рамзии «Кӯлоб — пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2015», нишасти матбуотӣ ва боздид аз ёдгории таърихии Ҳулбук дар назар аст.
Ёдовар бояд шуд, ки эълони шаҳрҳои Воронежи Федератсияи Русия ва Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пойтахтҳои фарҳангии ИДМ дар соли 2015 дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 10 октябри соли 2014 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус якдилона қабул гардид. 

Март 20, 2015 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд