Кадом ҳизбҳо вориди Парлумон шуданд?
Душанбе, 2.03.2015. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода, Бекназари Абӯбакр). — 1 марти соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор гардид.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён 2 март зимни эълони натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонӣ иттилоъ дод, ки аз рӯи маълумоти пешакӣ дар ҷараёни интихобот аз шумораи умумии интихобкунандагон, ки 4 миллиону 319 ҳазору 395 нафаранд, 3 миллиону 791 ҳазору 727 нафар (87,7%) интихобкунандагон иштирок намуда, ба тарафдории Ҳизби Аграрии Тоҷикистон 450 ҳазору 275 нафар (11,8%), ба тарафдории Ҳизби Демократии Тоҷикистон 64 ҳазору 547 нафар (1,7%), ба тарафдории Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон 288 ҳазору 308 нафар нафар (7,6%), ба тарафдории Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон 87 ҳазору 112 нафар (2,3%), ба тарафдории Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон 58 ҳазору 28 нафар (1,5%), ба тарафдории Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон 210 ҳазору 3128 нафар (5,5%), ба тарафдории Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон 18 ҳазору 875 нафар (0,5%) ва ба тарафдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 2 миллиону 472 ҳазору 267 (65,2%) овоз доданд.
Ҳамин тариқ ба Парлумони кишвар намояндагони 4 ҳизби сиёсӣ-Ҳизби Аграрии Тоҷикистон–бо 3 номзад, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон-бо 2 номзад, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон-бо 1 номзад ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-бо 16 номзад аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ соҳиби курсӣ гаштанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон намояндагони 8 аҳзоби сиёсии кишвар-Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Мувофиқи рӯйхатҳои пешниҳоднамудаи ҳизбҳо дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 103 нафар ва дар 41 ҳавзаи интихоботии якмандатӣ 185 нафар ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, 79 нафар номзадҳо ба тариқи худпешбарӣ мебошанд.
Ба палатаи поёнии парлумон 41 вакил — аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот ва мувофиқи рӯйхатҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот 22 нафар вакил, ҷамъ 63 нафар интихоб мешаванд.








Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд






