КДАМ ҶТ: боздошти нашъаҷаллобон дар сарҳад
Душанбе, 12.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Муқаддас Темурзода).- Аз ҷониби сарҳадбонони тоҷик ва кормандони фаврии РКДАМ ҶТ рӯзҳои наздик ҳодисаи ғайриқонунӣ вайрон намудани хати сарҳад пешгирӣ шуд.
Тавре ки сардори Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхӯҷаев хабар медиҳад, дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии «Фархор»-и отряди сарҳадии Ҳамадонӣ дар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон як гурӯҳи номаълуми қочоқбарони афғон, ки сарҳади давлатии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур менамуданд, бо наряди сарҳадбонони тоҷик ва кормандони фаврӣ рӯ ба рӯ шуданд.
Сарҳадбонон мувофиқи Оинномаи қӯшунҳои сарҳадӣ амал намуда, вайронкунии сарҳадро пешгирӣ карданд.
Байни сарҳадбонони тоҷик ва вайронкунандагони сарҳад задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи чусту чолокӣ ва муқовимати сарҳадбонони тоҷик қочоқбарони афғон аз тариқи ҷангалзор ақибнишинӣ намуда, ба тарафи соҳили Афғонистон баргаштанд.
Зимни азназаргузаронии ҷои ҳодиса 2 нафар қочоқбари тоҷик, яке Шӯҳрат Умаров, соли таваллудаш 1983 ва дуюмин Сайфидин Завқибеков, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандагони ноҳияи Фархор дастгир шуданд, ки дар вақти боздошт аз онҳо 19 кг 400 гр. героин, 7 кг 500 гр. афюн дарёфт ва мусодира гардид.
Дар айни ҳол дар ҷои ҳодиса тафтиш ва корҳои фаврӣ идома доранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






