Китоб: «Қоидаҳои истифодаи техникии роҳи оҳан»
Душанбе, 23.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Бори нахуст дар таърихи беш аз садсолаи роҳи оҳани Тоҷикистон китобе бо забони тоҷикӣ — «Қоидаҳои истифодаи техникии роҳи оҳан» ба нашр расид.
Аҳмадҷон Ализода, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ки собиқаи бисёрсолаи кор дар ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро дорад, китоби «Правила технической эксплуатации железных дорог»-ро аз забони русӣ ба забони давлатӣ тарҷума кардааст.
Агарчи роҳи оҳани тоҷик таърихи аз як аср фузунтар дошта, дар ҳаёти мардуми тоҷик кайҳо мақоми бебадали худро касб кардааст, то имрӯз ягон адад аз теъдоди зиёди адабиёти техникӣ бо забони давлатӣ — тоҷикӣ барои соҳаи роҳи оҳан тарҷума нагашта буд.
Китоби мазкур тибқи қарори Шӯрои техникии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тасдиқ ва барои истифода тавсия шудааст.
Аз нигоҳи тарҷума китоби мазкур кори тоза буда, барои кормандони соҳаи роҳи оҳан ва донишҷӯён ҳамчун адабиёти таълимӣ ва дастури корӣ хизмат хоҳад кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






