Китоби нав дар бораи таърихи сиёсати хориҷии давлат
Душанбе, 30.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- Нашриёти Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Контраст» китоби наверо таҳти унвони «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳнаи равобити байнидавлатӣ қабл ва баъд аз эъломи сиёсати «дарҳои боз»» аз чоп баровард.
Китоб иборат аз се бобу ҳашт қисм буда, яке аз қисмҳои он ба пайдоиш ва табиату хусусиятҳои муносибатҳои геополитикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бахшида шудааст.
Китоб на фақат барои аҳли илму омӯзгорон, донишҷӯён, магистру аспирантҳо, балки барои ҳамаи онҳое пешбинӣ шудааст, ки ба масъалаҳои таърихи сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибихтиёру мустақил мароқ зоҳир менамоянд.
Муаллифи асар Мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






