Конфронси байналмилалӣ дар Душанбе
Душанбе, 27.03.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- 28 марти соли ҷорӣ дар Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон дар муборизаи умумӣ баҳри ғалаба бар фашизм» баргузор мегардад.
Тавре ки дар Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, конфронс дар ҳошияи тайёрӣ ба Форуми байналмилалии Ғолибон таҳти унвони «Ғалабаи бузурги ягонагӣ» доир гардида, дар он коршиносони Русия ва Тоҷикистон, сафирони кишварҳои ИДМ, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, донишҷӯён ва фаъолони созмонҳои ҷавонон иштирок менамоянд.
Дар конфронс масоили иштироки тоҷикистониён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, саҳми онҳо ба ғалаба бар фашизм, проблемаҳои муқовимат ба кӯшишҳои тақаллубкорӣ дар бахши таърихи давраи ҷанг ва рушди равобити касбии байни коршиносони иттиҳодияҳои Русия ва Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Аз рӯи натиҷаи конфронс эъломияи хотимавӣ қабул гардида, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Форуми байналмилалии Ғолибон таҳти унвони «Ғалабаи бузурги ягонагӣ», ки 28 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав доир мегардад, таъйин мешавад.
Ёдовар мешавем, ки моҳҳои феврал ва марти соли равон дар шаҳрҳои Рига, Минск, Кишинёв, Боку, Тифлис, Ереван ва Бишкек конфронсҳои байналмилалӣ доир шуда буд. 30 март дар шаҳри Остона низ конфронс баргузор мегардад.
Гузоришҳои иштирокдорони конфроси Душанбе дар маҷмӯаи бахшида ба Форуми байналмилалии Ғолибон таҳти унвони «Ғалабаи бузурги ягонагӣ» дарҷ мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






