Кумаки наврӯзӣ ба ятимон
Душанбе, 12.03.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва ҷиҳати иҷрои талаботи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ба мактаб-интернати № -1-и шаҳри Душанбе як миқдор маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили маводи қаннодӣ, биринҷ, равғани растанӣ, орд, картошка, пиёз, шири қиёмшуда, шакар ва дигар маҳсулот кумак расонида шуд. Дар ин бора ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад.
Сарчашма ҳамчунин хабар медиҳад, ки аз 1-ум то 10-уми марти соли 2015 дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иқдоми хайриявӣ ба мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Дар аксияи зерин ба мактаб-интернати мазкур 10 дона арча, 75 дона дарахти мевадиҳанда, инчунин барои хонандагон маводи беҳдоштӣ тақдим гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






