Либоси ягона ҷорӣ мегардад?
Душанбе, 17.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки дар зарфи як моҳ дар тамоми субъектҳои хизматрасонии коммуналии пойтахт либоси ягона ҷорӣ намояд.
Ин тадбир ҷиҳати пешгирии зиёдаравиҳо дар иҷрои фаризаҳои динӣ, баланд бардоштани сатҳ ва фарҳанги хизматрасонии кормандони субъектҳои мазкур ба мизоҷон арзёбӣ мегардад.
Бояд тазаккурд дод, ки чанде пеш раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарорро дар бораи нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ дар самти ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароёна миёни занону ҷавондухтарон ба имзо расонд, ки он бо номи қарори №174 маъмул аст. Тадбирҳои шаҳрдорӣ дар ҳоле андешида мешаванд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Модар аз либоспӯшии бонувони тоҷик, хусусан ба сар кардани сатри сиёҳ ва тақлиди кӯркӯронаи занону духтарони тоҷик ба фарҳанги миллатҳои ғайр изҳори нигаронӣ намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






