М. Ҳарасти: «Фазои интихоботи Тоҷикистон ором буд»
Душанбе, 02.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон дар фазои орому субот баргузор гардид», гуфт зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе Миклош Ҳарасти, роҳбари ҳайати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/.
Мавсуф дар назди хабарнигорон доир ба мушоҳидаҳои ҳайати нозирони дарозмуддати САҲА аз ҷараёни интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон гузориши нахустини худро ироа сохт. Миклош Ҳарасти гуфт, ки дар зарфи якуним моҳ ҳайати нозирони дарозмуддати САҲА ба 41 ҳавзаи интихоботии якмандата оид ба баргузории интихоботи парлумонӣ сафар карда, ҷараёни омодагӣ ва баргузории ин чорабинии муҳими сиёсиро мушоҳида карданд.
Роҳбари ҳайати нозирони САҲА зикр кард, ки дар ҷараёни баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон баъзе норасоиҳо мушоҳида гардиданд, ки онҳоро метавон дар оянда бо роҳи гузаронидани ислоҳот бартараф намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






