М. Убайдуллоев: «ММ рисолати конститутсионии худро иҷро намуд»

Март 6, 2015 12:22

Душанбе, 5.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Аъзои Маҷлиси миллӣ дар зарфи панҷ соли фаъолият дар  даъвати чорум 607 қонунро ҷонибдорӣ намуда, 71 пешниҳоди  Ҳукумати Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои тартиби ҳалли сохти марзию маъмурӣ баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул кард”, гуфт дар иҷлосияи ниҳоии палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев.
    Раиси Маҷлиси миллӣ зикр кард, ки тавассути фаъолияти пурсамари Президент ва Ҳукумати кишвар ҳамчун субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ 396 қонуни муҳим барои беҳдошти  ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ дар кишвар таҳия ва қабул гаштанд, ки дар маҷмӯъ 66 %-и  қонунҳои аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабулгардидаро ташкил медиҳад. Зикр шуд, ки аз 65 қонуне, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории узви Маҷлиси миллӣ ба тасвиб расида, мавриди амал қарор доранд, 25-тои он дар алоҳидагӣ ва 40-то дар ҳамкорӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагон таҳия гаштаанд. 
М. Убайдуллоев таъкид кард, ки таҳлилҳо аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтани  қонунҳо далели онанд, ки рушди устувори иқтисодии кишвар таъмин гардида, раванди расидан ба ҳадафҳои стратегии Президенти мамлакат оид ба раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворию энергетикӣ, баҳрабардорӣ аз узвият дар Созмони Ҷаҳонии Савдо, роҳандозии тадбирҳои муассир алайҳи мубориза бо терроризм, коррупсия, хариду фурӯши одамон ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ вусъати тоза касб карданд. 
Бо дахли нақши Маҷлиси миллӣ дар рушди парламентаризм ва ҳалли як зумра масоили мубрами ҷомеа М. Убайдуллоев таъкид кард, ки палатаи болоии Парлумони мамлакат тавонист дар зарфи панҷ соли фаъолияташ дар даъвати чорум рисолати конститутсионии худро иҷро намояд.
    Мавсуф афзуд, ки ҳамкориҳои Маҷлиси миллӣ беш аз пеш бо Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати кишвар, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳзоби сиёсӣ ва ҳаракатҳо, инчунин васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ густариш меёбанд. 
 Таъкид шуд, ки дар ин давра робитаю ҳамкориҳо бо созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ ва парлумонӣ таҳким ёфта, гурӯҳҳои миллии парламентӣ ва намояндагии Маҷлиси миллӣ бо Ассамблеяи Байнипарлумонии /АБ/ давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, АБ Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё, АБ Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Байнипарлумонӣ, Ассамблеяи Парлумонии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи Парлумонии Осиёӣ, Иттиҳоди Парлумонии Созмони ҳамкории Исломӣ  таъсис дода шудаанд. Ҳамзамон бо парлумонҳои 15 кишвар гурӯҳҳои дӯстӣ ва комиссияҳои ҳамкорӣ созмон дода шуданд. 
Инчунин дар давраи сипаригардидаи фаъолияти палатаи болоии  Парлумони кишвар баҳри таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ 10 сафари расмӣ ва кории ҳайати бонуфузи парламентии Маҷлиси миллӣ таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси миллӣ ба Русия, Швейтсария, /Женева/, Британияи Кабир ва Фаронса  баргузор гаштанд. Ҳамзамон 33 сафари кории аъзои Маҷлиси миллӣ ҷиҳати иштирок дар конгресс, симпозиум, конфронсҳо, семинарҳои байналмилалӣ, ҷаласаҳои комиссияҳои созмонҳои байнипарлумонӣ баргузор гардиданд.
Дар ин давра роҳбарияти Маҷлиси миллӣ ва аъзои он 50 вохӯрӣ барои фароҳам овардани муносибатҳои байнипарлумонӣ бо роҳбарони парлумонҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик, созмонҳои байнипарлумонӣ, сафоратҳо ва созмонҳои  байналмилалии муқими Тоҷикистон доир намуд.
         Дар маҷмӯъ Маҷлиси миллӣ дар зарфи фаъолият дар даъвати чорум ҷиҳати таҳкими қонунгузорӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини суботу оромии ҷомеа, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ- терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ корҳои муайянеро ба сомон расонида, чор маротиба ҳисоботи Прокурори генералиро оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ намуд. 
 
 

Март 6, 2015 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт муаррифӣ шуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид