Маҳфил доир ба расонидани «Ёрии аввал»
Рашт, 14.03.2015. (АМИТ «Ховар», М. Ризвонов).- Як самти фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба матраҳ намудани «Барномаи ёрии аввал ва солимии ҷомеа» нигаронида шудааст. Донистан ва чӣ гуна расонидани ёрии аввалро на ҳар шахс ба дараҷаи лозимӣ дарк менамояд. Вобаста ба ин ҳамасола аз тарафи Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ноҳияи Рашт дар таълимгоҳҳои ноҳия бо иштироки толибилмон, омўзгорон ва аҳолии деҳот чорабиниҳо оид ба қоидаҳои асосии расонидани ёрии аввал, пешгирии хунравӣ, шикастани устухон, сўхтани бадан, додани нафаси сунъӣ ва маҳси дил гузаронида мешавад.
Чунин як чорабинии муфид дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 3 деҳаи Қазноқ доир шуд, ки иштирокчиёни маҳфил доир ба расонидани «Ёрии аввал» аз он таассуроти хуб гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






