Майдони боғҳо васеъ мешавад
Тавилдара, 14.03.2015. (АМИТ «Ховар», М. Ризвонов).-Боғпарварони ноҳияи Тавилдара солҳои охир ба соҳаи боғдорӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд. Боғдорон соли ҷорӣ дар майдони 38,6 гектар боғи мевадиҳандаи себу нок, чормағзу зардолу шинонида, 25 га боғи кўҳнаро аз нав барқарор намуданианд. Дар талу теппаҳо зиёда аз 210 ҳазор бех ниҳоли сояафкану ороишдиҳанда шинонида, майдони боғотро зиёд мекунанд, — иброз дошт муовини раиси ноҳияи Тавилдара Қурбон Маҳмадов. Боғдорон соли равон ният доранд, ки 10 га майдони боғҳои кўҳнаро аз нав барқарор намуда, дар майдони 20 га боғи нав бунёд намоянд. Ҳоло аз тирамоҳи соли гузашта дар ҷамоатҳою хоҷагиҳои Чилдара, Сангвор ва дигар ҷамоатҳо барои бунёди боғҳо замин ҷудо карда, барои шинонидани ниҳолҳо поруҳои маҳалӣ захира карда, баробари фаро расидани фасли баҳор ба ниҳол шинонӣ шурӯъ менамоянд,- суханашро давом дода гуфт муовини раиси ноҳия Қ. Маҳмадов.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






