Мардум ба таҳлука наафтед! Бонки миллӣ хушбин аст
Душанбе, 13.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ -сомонӣ ва пешгирӣ кардани он аз тағйирёбӣ дар бозори арз тадбирҳои муассир андешида, дар масъалаи ба эътидол овардани бозори арзи кишвар хушбин аст». Ин матлабро 13 март дар Душанбе зимни баргузории нишасти матбуотии изтирорӣ Ҷамшед Юсуфиён- муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт.
Мавсуф дар тӯли се ҳафтаи охир якбора тағйир ёфтани қурби асъори миллӣ -сомониро дар иртибот ба доллар ба вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, хусусан таҳримҳои иқтисодии кишварҳои Аврупо нисбат ба Русия ва коҳиш ёфтани интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия рабт дода, гуфт, ки то соли 2014 пули миллии Тоҷикистон дар қиёс бо асъори миллии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил устувортар буд. Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, ки дар ин давра пешниҳоди асъор нисбат ба талабот камтар шуда истодааст. Зикр шуд, ки талабот ба доллар дар бозори арз хусусан аз ҷониби тоҷирону соҳибкорон, ки молу маҳсулотро асосан аз хориҷи кишвар бо доллар харидорӣ намуда, ворид месозанд, бештар гардидааст, инчунин ҳафтаҳои охир мардум низ аз баланд гардидани қурби доллар дар қиёс ба сомонӣ ба таҳлука афтода, бештар доллар мехаранд. Аз ин имконияти мусоид саррофони нуқтаҳои мубодилаи асъор истифода намуда, қурби долларро ба таври сунъӣ боло мебаранд. Барои ҳалли ин масъала Бонки милии Тоҷикистон мудохила мекунад, таъкид кард. Ҷ. Юсуфиён. Муовини раиси Бонки миллии кишвар гуфт, ки ҳар рӯз дар бозори асъори Тоҷикистон 1, 5 то 3 миллион доллар фурӯхта мешавад, инчунин дар як рӯз се маротиба бозори асъор мавриди таҳлил қарор мегирад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар охири ҳар моҳ пешниҳоди фурӯши асъор зиёд аст.
Ҷамшед Юсуфиён гуфт, ки минбаъд қурби долларро дар нуқтаҳои мубодилаи асъор танҳо сохтори марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон муайян намуда, инчунин Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои мӯътадил боқӣ мондани қурби доллар дар бозори арз на тавассути фурӯши доллар ба нуқтаҳои мубодилаи асъор, балки саъй менамояд то ин амалиётро бо бонкҳои тиҷоратии кишвар ба анҷом расонад. Зимни баргузории ҷаласа бо ҳузури роҳбарону намояндагони бонкҳои тиҷоратии кишвар ризоияти ин созмонҳо гирифта шудааст.
Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, ки ҳамаи мо манфиатдор ҳастем, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишварамон, хусусан сатҳи таваррум, қурби асъори миллӣ устувор боқӣ монанд, барои ин рушди низоми иқтисодиро дар кишвар роҳандозӣ намудан ба маврид аст, зеро масъалаи беқурбшавии пули миллӣ дар иртибот ба доллар танҳо ба низоми бонкӣ рабт надорад, дар ин самт омилҳои берунӣ низ таъсир мерасонанд. Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт 1 доллар ба ивази 6,30 -6,40 сомонӣ фурӯхта мешавад.








Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд






