Маркази арзёбии амволи назди ПСС ҶТ таъсис меёбад
Душанбе, 27.03.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ).- Чанде пеш муовини раиси ПСС ҶТ Манзура Рустамова, коршиноси лоиҳаи ACAFI — и Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Ҳамид Маҳмадҷонов ва мушовири лоиҳа Савсан Қаҳҳорова масъалаи ташкили Маркази арзёбии амвол ва тарбияи мутахассисони мустақили арзёбии моликият дар назди Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ба гуфтаи Ҳамид Маҳмадҷонов, мақсад аз лоиҳаи ACAFI таҳкими соҳаи ёрирасони молиявӣ дар Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон аст. Лоиҳаи мазкур ба муассисаҳои молиявӣ ёрӣ мерасонад, ки дар бахши қарздиҳӣ зуд ва дуруст тасмим гирифта, бо ин васила дастрасии бахши инфиродӣ ва корхонаҳои хурду миёнаи минтақа ба хидматрасонии молиявиро беҳтар созанд.
Мувофиқи суханони Манзура Рустамова, вазифаи Палатаи савдо ва саноат иборат аз рушди иқтисодиёти Тоҷикистон аст. «Аксари палатаҳои савдо ва саноати ҷаҳон ба арзёбии тиҷорат, маблағҳо, қоғазҳои қиматбаҳо ва ҳамаи намуди амволи манқулу ғайриманқул, воситаҳои нақлиётӣ, таҷҳизот ва хисора машғуланд», — афзуд муовини раиси ПСС ҶТ.
«Ташкили Маркази арзёбии назди ПСС ҶТ ба нафъи тиҷорати миллӣ, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна ва дар ҳошияи он расонидани кӯмак ба ҳалли проблемаҳои муҳим дар амри ташкили фаъолияти арзёбӣ дар Тоҷикистон аст», — гуфт коршиноси Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ.
Мусоҳибон аз рӯи натиҷаи мулоқот тасмим гирифтанд, ки барои коршиносони ПСС ҶТ тренингу семинарҳои дахлдор доир карда шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






