Меъёри андоз ба ширкатҳои мобилӣ тағйир дода мешавад
Душанбе, 12.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Палатаи болоии Парлумони мамлакат-Маҷлиси миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуд, ки тибқи он меъёри андоз ба ширкатҳои алоқаи мобилии кишвар тағйир дода мешавад. Ҳадафи ин тадбир баланд будани даромаднокии ширкатҳои алоқаи мобилӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон тибқи тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Тоҷикистон бинобар сабабе, ки воситаҳои нақлиёти ҳарбии махсус ва техникаҳои махсуси ҳарбӣ аз буҷет маблағгузорӣ мегарданд, онҳо аз пардохти андози воситаҳои нақлиёт озод мешаванд.
Инчунин дар асоси тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз аз ҳисоби андозҳои молумулкии ба соҳибкорӣ машғулбуда, зиёд кардани воридоти умумии андозҳои маҳаллии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа пешбинӣ гардидааст. Мақсади пешниҳоди ин тағийрот дар он аст, ки сатҳи даромад аз истифодаи объектҳои ғайриманқулӣ дар ин шаҳрҳо дар қиёс ба дигар минтақаҳои кишвар бамаротиб зиёд мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи тағйирот муқаррароти амалкунандаи қонун содда гардонида шуда, Кодекси андози кишвар барои ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет шароит фароҳам меорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






