Муҳокимаи фарҳанги либоспӯшӣ дар ВКД ҶТ
Душанбе, 30.03.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ва сардорони раёсатҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ вобаста ба пешгирии урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ муовини аввали вазири корҳои дохилӣ иброз дошт, ки имрӯз тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон ба мушоҳида мерасад, ки боиси ташвиш мебошад.
Дар ҷаласа сардорони раёсат ва шуъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири корҳои дохилӣ вобаста ба пешгирии урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт ҳисобот доданд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо занони мамлакат бахшида ба ҷашни «Рӯзи Модар», 6 марти соли 2015 доир ба масъалаи мазкур изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин барои дар байни занон гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳй дастуру супоришҳо дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






