Муҳокимаи масъалаи ҳамкории байни палатаҳо
Душанбе, 17.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- 16 март раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дар шаҳри Маскав бо президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Сергей Катирин мулоқот анҷом дод.
Тавре ки ПСС ҶТ хабар медиҳад, ҷонибҳо масоили ҳамкории байни палатаҳо ва самтҳои асосии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳамзамон масъалаҳои моҳҳои октябр ва ноябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ташкил намудани намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои Русия таҳти унвони шартии Намоишгоҳи якуми Русияю Тоҷикистон (EXPO Rashen — Tajikistan 2015) ва таъсис додани Шӯрои муштараки тоҷирони Русия ва Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Зимни мулоқот ҳамчунин масоили аз Тоҷикистон ба минтақаҳои Русия ворид намудани меваю сабзавоти тоза, меваи хушк ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
«Соҳаҳои дигаре арзи вуҷуд доранд, ки Тоҷикистону Русия метавонистанд дар хошияи онҳо ҳамкориро дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, илму техника ва табодули фарҳангӣ густариш диҳанд», — гуфт Шариф Саид.
«Русия дар ҳақиқат ба муҳоҷирони меҳнатӣ зарурат дорад. Муҳоҷирон дар қаламрави Русия на фақат барои пешбурди рӯзгор ва ғанӣ гардонидани буҷаи ҷумҳурӣ маблағ ба даст меоранд, балки ба ободонию рушди иқтисодиёти Русия низ ҳисса мегузоранд», — зикр намуд Сергей Катирин.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






