Муҳокимаи масъалаи конфронси сатҳи баланд
Душанбе, 31.03.2015. (АМИТ «Ховар», Маҳмадулло Пириев).- Чанде пеш дар шаҳри Ню — Йорк ҷаласаи дуюми Кумитаи роҳбарикунандаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд аз рӯи натоиҷи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии фаъолияти «Об барои ҳаёт» баргузор гардид.
Назар ба иттилои сомонаи расмии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар оғози ҷаласа зимни суханони табрикотиаш изҳор дошт, ки конфронси пешорӯи Душанбе чорабинии асосие барои таҳлили муфассали раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» хоҳад буд.
Дар ҷараёни мубоҳиса, ки таҳти роҳбарии муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода сурат гирифт, аъзои Кумитаи роҳбарикунандаи байналмилалӣ, намояндагони кишварҳои мушорик, ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ, созмонҳои ҳавзаҳои об, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши инфиродӣ ва ҷонибҳои дигари манфиатдор перомуни сохтору барномаи конфронс, тарҳрезӣ ва мутобиқати ҳуҷҷатҳои ниҳоӣ ва масоили дигари ташкили ин чорабинӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд моҳи июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






