Муҳокимаи масъалаи рушди сайёҳии байни кишварҳои СҲШ

Март 27, 2015 14:52

Душанбе, 27.03.2015. (АМИТ «Ховар»,  Марҳабои  Азамат).- 25  март  дар  шаҳри Маскав мулоқоти роҳбарони маъмуриятҳои миллии  сайёҳии  давлатҳои  узви  СҲШ,  мушоҳидону мушорикони  муколамаи Созмони Ҳамкории  Шанхай  баргузор гардид, ки дар  он   сафири  ҶТ  дар  ФР  Имомуддин  Сатторов  ширкат  дошт. 
Дар  ин  бора   намояндаи  расмии  Сафорати  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия  Муҳаммад  Эгамзод   хабар  дод.
Назар ба  иттилои  манбаъ,  иштирокдорони  ҷаласа  стратегияи  ҳамкорӣ   дар  бахши  сайёҳии  байни  кишварҳои узви СҲШ — ро  мавриди  муҳокима   қарор  дода,  перомуни  дурнамои  ҳамкории  бисёрҷониба  ва  роҳандозии  тадбирҳо барои  рушди   соҳаи  сайёҳӣ  табодули  афкор  намуданд.
«Дар  ин  чорабинӣ   намояндагони Ҷумҳурии  Қазоқистон,  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин,  Ҷумҳурии  Қирғизистон, Федератсияи  Русия,  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  кишварҳои нозир ва иштироккунандаи  муколама   ширкат  доштанд.
Мулоқот бо  ибтикори  котиботи  Созмони  Ҳамкории  Шанхай   ва Агентии федералии   оид ба  сайёҳии  Русия   сурат  гирифт», —  зикр  намуд  Муҳаммад  Эгамзод.
 

Март 27, 2015 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд