Муҳокимаи масоили ҷилавгирии коруппсия
Душанбе, 19.03.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 18 март дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коруппсияи ҶТ семинар дар мавзӯи «Ҷилавгирӣ ва мубориза бо коруппсия» баргузор гардид.
Тавре ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар медиҳад, ин чорабинӣ ба ҷилавгирӣ ва рафъи сабабу шароити ба миён омадани омилҳои ришвахӯрӣ, ошкор намудани он ва мубориза бо қонуншиканиҳои коруппсионию ҷинояткорӣ, аз миён бурдани оқибатҳои ногувори онҳо, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бахшида шуда буд.
Намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коруппсия дар ҷараёни семинар ба саволҳои дахлдори кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо муфассал посух доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






