Муаррифии лоиҳаҳои беҳтарини иншооти Тоҷикистон
Душанбе, 19.03.2015 (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).-Бо ташаббуси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар боғи «800-солагии Маскав» намоишгоҳи лоиҳаҳои беҳтарини бино ва иншоотҳои кишвар баргузор гардид, ки дар он намояндагони кумитаи мазкур, меъморон, муҳандисон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ иштирок доштанд. Ҳадафи асосии намоишгоҳро масъулин дар муаррифӣ намудани меъморони ҷавони болаёқат ва лоиҳаҳое, ки дар он ҷо унсурҳои миллӣ ба инобат гирифта шудаанд, ном бурданд: «Намоиши чунин лоиҳаҳо бояд ҷавонони лоиҳакашро водор созад, то рӯ ба санъати миллии муосири тоҷик ниҳанд»,-иброз дошт Мирзо Султонзода-муовини аввали раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 19 март зимни намоиши лоиҳаҳои беҳтарини бино ва иншоотҳои кишвар.
Ба гуфтаи Мирзо Султонзода дар намоишгоҳи лоиҳаҳои беҳтарини бино ва иншоотҳои кишвар аз ҷониби 62 ташкилоту корхонаи лоиҳакашӣ зиёда аз 200 лоиҳа пешниҳод гардид, ки ин теъдод аз намоишгоҳҳои қаблӣ зиёдтар аст: «Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мо тавонистем меъморон ва лоиҳакашони ҷавон ва муҳандисонро барои таҳияи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби фармоишгарон фармоиш дода мешаванд, ҷалб намоем», -афзуд номбурда.
Дар намоишгоҳи мазкур лоиҳаҳои зиёд аз ҷумла, лоиҳаи бинои Вазорати маориф ва илми кишвар, бинои маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, литсеи президентии шаҳри Душанбе, инчунин лоиҳаи навсозии чорроҳаҳои назди ҳайкали Сино ва шаҳраки 82 бо шаклҳои нав ба намоиш гузошта шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






