Муаррифии «Менеҷмент» ва «Менеҷменти стратегӣ»
Душанбе, 12.03.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-10 март дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Донишкадаи молия ва иктисоди Тоҷикистон (ДМИТ) муаррифии китобҳои «Менеҷмент» ва «Менеҷменти стратегӣ» доир гардид. Дар муаррифии китобҳо намояндагони Вазорати молияи ҶТ, ректорон ва мудирони кафедраҳои менеҷменти донишгоҳҳои Тоҷикистон, олимон ва иқтисодчиёни варзидаи кишвар, намояндагони вазорату сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Ба иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева ректори ДМИТ Ашурбой Солиев изҳор намуд, ки таҳияи китобҳои дарсӣ бо забони давлатӣ талаботи замони муосир мебошад. Раёсати донишкада дар ин самт муаллифони китобро бо роҳбарии Шавкат Бозоров дастгирӣ намуда, минбаъд низ дар таҳияи дастур ва китобҳои дарсӣ тадбирҳо андешиданашро изҳор намуд.
Китоби «Менеҷмент» аҳамияти ин соҳаро дар ҷомеаи муосир бозгӯ мекунад. Тавре ки Шавкат Бозоров зикр намуд, менеҷменти стратегӣ бо тарзҳо ва ғояҳои нав мунтазам тақвият меёбад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки донишҷӯён, роҳбарон ва менеҷерҳо на танҳо бо дастовардҳои назарияи маъмулӣ ва тарзҳои менеҷменти стратегӣ шинос бошанд, балки бо назардошти дурнамои Тоҷикистон самтҳои густариши онро муаррифӣ созанд. Китоб аз он ҷиҳат пурарзиш аст, ки дар баробари мавзӯъҳои муҳими менеҷменти стратегӣ, махсусиятҳои ҷудогонаи иқтисодиёти Тоҷикистонро низ дар бар гирифтааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






