Мулоқот бо ҳамоҳангсози барномаҳои Дафтари СММ
Душанбе, 26.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- 25 марти соли 2015 дар Қароргоҳи СММ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои башардӯстона хонум Валери Амос доир шуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи барномаҳои Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти башардӯстона дар Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаҳои тадорукотии Саммити башардӯстона, ки соли оянда дар Истанбул доир мегардад, муҳокима шуданд.
Илова бар ин муовини Дабири кулл бо раванди тадорукотии Конфронси байналмилалии сатҳи баданд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мегардад, шиносонида шуда, аз мавсуф ҷиҳати ширкат дар чорабинӣ даъват ба амал оварда шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






