Мулоқоти ҳайати корӣ дар ВМКБ
Душанбе, 11.03.15. (АМИТ ”Ховар”, Некрӯзи Муҳаммадсодиқ)- Дар асоси нақшаи чорабиниҳои дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳои ҳайати гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайеҳӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва кор бо занон ва оилаи кишвар дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сокинон идома доранд.
Дирӯз дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷи вилояти мазкур зимни чунин як мулоқот муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинӣ бештар ба масъалаи ҷавонон дахл намуда, аз дастгирию ғамхории пайвастаи роҳбарияти кишвар нисбат ба ҷавонон ёдовар гардид.
Дар мулоқотҳо сокинон атрофи муҳоҷирати меҳнатӣ, никоҳи хешу таборӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба намояндагони масъул суол дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Дар ин бора мутахассиси пешбари бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Наврӯз Қурбонов ба АМИТ “Ховар ” иттилоъ дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






