Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо Толиб Рифоӣ
Душанбе, 11.03.15. (АМИТ “Ховар”, Некрӯзи Муҳаммадсодиқ)- Дар доираи Намоишгоҳи калонтарини дунё“ITB –Берлин” дар шаҳри Берлин ҷаласаи вазирони туризми давлатҳои масири Шоҳрохи бузурги Абрешим баргузор шуд. Зимни он раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бо Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоӣ мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии туристро мавриди баррасӣ қарор доданд. Толиб Рифоӣ ҳангоми мулоқот бештар ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон таваҷҷуҳ намуда, онро ояндадор арзёбӣ кард. Аҳтам Абдуллозода раиси ин созмони бонуфузро барои иштирок дар Конфронси байналмилалии туристӣ ва Фестивали фарҳангиву сайёҳии Мероси шоҳроҳи бузурги Абрешим, ки баргузории он соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, даъват намуд. Дар навбати худ Толиб Рифоӣ ин даъватро ба хушнудӣ пазируфт.
Дар ин бора мутахассиси пешбари Бахши иттилоотию таҳлилии
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Наврӯз Қурбонов ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






