Мулоқоти А. Абдуллозода бо рӯзноманигорони турк
Душанбе, 18.02.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирӯз раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бо рӯзноманигорони маҷаллаи машҳури иқтисодии Ҷумҳурии Туркия “Turk money” Казим Клинч ва Хайриддин Туран мулоқот анҷом дод.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба масъалаи имкониятҳои туристиии Тоҷикистон ва муаррифии он дар кишварҳои хориҷӣ мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид шуд, ки маҷаллаи “Turk money” бо кишвар ва ширкатҳои гуногуни хориҷӣ ҳамкорӣ намуда, оид ба иқтисод ва имкониятҳои туристӣ матолиб ба нашр мерасонад. Казим Клинч изҳор намуд, ки маҷаллаи мазкур тавассути намояндагии давлати Туркия дар кишварҳои гуногуни хориҷӣ, аз қабили Амрико, Русия, Чин ва дигар мамлакатҳои пешрафта паҳн мегардад.
Роҳбари ин маҷаллаи бонуфуз аз истиқболи мардуми тоҷик изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт: “Он чизе, ки дар кишвари Тоҷикистон диққати моро ҷалб намуд, ин соҳаи сайёҳӣ мебошад. Мо, мардуми Туркия нисбат ба тоҷикон эҳтироми хосса дорем.”
Гуфта мешавад Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар навбати худ аз таваҷҷуҳи рӯзноманигорони турк нисбат ба соҳаи сайёҳии кишвар истиқбол намуда, вобаста ба манзара, табиат, қуллаҳои баланд ва зебоиҳои кишвар, инчунин таърих, фарҳанг, тамаддун ва адабиёти тоҷикон бо рӯзноманигорон маълумот ироа намуд. Аҳтам Абдуллозода дар суҳбат бо рӯзноманигорон ба масъалаи воридоти сайёҳони хориҷӣ ва сафар намудани сайёҳони дохилӣ ба хориҷи кишвар низ таваҷҷуҳ карда, ҷалби сайёҳон ба кишварро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар 28-30 саҳифаи маҷаллаи машҳури туркии “Turk money” оид ба таъриху фарҳанг, адабиёт, иқтисод, манзараҳои зебо ва имкониятҳои туристии Тоҷикистон матолиб ба нашр мерасонанд.
Изҳор шуд, ки нашри чунин матолиб барои муаррифиии бештари имкониятҳои туристии Тоҷикистон мусоидат намуда, ба афзоиши сафи сайёҳони хориҷӣ замина мегузорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






