Мулоқоти Ашурбой Солиев бо Ванг Вейран
Душанбе, 31.03.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Имрўз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) вохўрии ректори донишкада Ашурбой Солиев бо Ванг Вейран — муовини декани Мактаби тиҷорати Донишгоҳи педагогии Синзяни шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва намондаи маркази «Конфутсий» дар Тоҷикистон доир гардид. Дар вохўрӣ ректор доир ба донишкада, сохторҳо ва ихтисосҳои он маълумот дод.
В. Вейран зикр намуд, ки муассисаи таълимии онҳо ният дорад бо ДМИТ ҳамкории густурдаро ба роҳ монад. Зикр гардид, ки дар моҳи май конфронси байналмилалӣ доир мегардад ва дар он масъалаи пайвастани Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба узвияти донишгоҳҳои кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор мегирад. Аз ин хотир ректори донишкада А. Солиевро барои иштирок ба ин чорабинӣ, ки дар Чин доир мегардад, даъват намуд. Ҳамчунин хоҳиш намуд, ки А. Солиев дар мктаби тиҷоратии онҳо бо маърўза назди устодону донишҷўён баромад намояд.
А.Солиев аз даъвати онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, иброз намуд, ки ҳамкориҳоро дар самти рушди илму маориф боз ҳам густариш хоҳанд дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






