Мулоқоти Азамшо Шарифӣ бо Абдуллатиф ибни Рошид аз-Заёнӣ

Март 6, 2015 13:41

Душанбе, 06.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- 5 марти соли 2015 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Азамшо Шарифӣ бо Дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс, доктор Абдуллатиф ибни Рошид аз-Заёнӣ дар қароргоҳи Дабирхонаи Шӯро дар шаҳри Риёз доир гардид.
Дар  мулоқот, ки бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ баргузор шуд, масъалаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт»,  солҳои 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ карор доштанд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дабири кулл оид ба ҳадафҳои меҳварии ин конфронс ва чораҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббусгари Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 ва мизбони ин чорабинӣ андешида мешаванд, маълумоти дод.
Зимни мулоқот Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дабири кулл маводи муаррифӣ ва нусхаи даъватномаи ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати иштирок дар конфронс супорида, бо назардошти аҳамияти ҷаҳонии  мавзӯи об аз Дабирхонаи кулл ва кишварҳои аъзои Шӯро ҷиҳати иштироки фаъол дар кори конфронс даъват ба амал овард.
Ҳангоми мулоқот, ки дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни таваҷҷуҳи мутақобила сурат гирифт, ҷонибҳо ҳамзамон нисбат ба масъалаҳои алоҳидаи дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ибрози ақида намуданд. Дар ин замина, ҷонибҳо ҳамфикр буданд, ки таҳдидҳои муосири мазкур ба амният ва субот дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таҳдид менамоянд, ки худ зарурати дар минбаъда ҳам муттаҳид гардонидани талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро бо мақсади муборизаи самаранок алайҳи онҳо тақозо менамояд.
 
 
 
 

Март 6, 2015 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид