Мулоқоти Э. Раҳмон бо Директори иҷроияи Шӯрои директорони БОР
Душанбе, 18.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Шӯрои директорони Бонки осиёии рушд (БОР) Умеш Кумарро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону ин муассисаи молиявии бонуфузи минтақавӣ баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба таҳияи Стратегияи панҷсолаи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2016-2020 зоҳир шуд.
Тавре зикр гардид, дар доираи стратегияи мазкур тибқи Нақшаи индикативии бонк барои солҳои 2015-2017 ба Тоҷикистон зиёда аз 240 миллион доллари америкоӣ ҷудо карда мешавад. Бо назардошти афзоиши таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон имконоти афзун намудани дастгирии кишвар аз ҷониби Бонки осиёии рушд муҳокима гардид.
Интизор меравад, ки Бонки осиёии рушд барои татбиқи босамари Нақшаи зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки назаррас расонад.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба имконоти маблағгузории лоиҳаҳои навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе-Қурғонтеппа ва Роғун-Нуробод, идома додани навсозии нерӯгоҳи Норак ва татбиқи дигар лоиҳаҳои афзалиятнок сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






