Мулоқоти Э. Раҳмон бо раиси Кумитаи иҷроия-дабири иҷроии ИДМ
Душанбе, 2.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроия-дабири иҷроии Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ) Сергей Лебедевро, ки ба ҳайси раҳбари гурӯҳи нозирони кишварҳои аъзои ин иттиҳод барои назорат аз болои интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба рафти омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки рӯзи 1-уми март доир гардид, баррасӣ шуд. Сергей Лебедев аз мушоҳидаҳои нозирони ИДМ дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон иттилоъ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки аз 9 кишвари иттиҳод 257 нозир дар ин гурӯҳ қарор доранд ва онҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳузур доштанд.Роҳбари гурӯҳи нозирони ИДМ бори дигар таъкид дошт, ки интихобот дар фазои демократӣ, шаффоф ва мутобиқ ба талаботи қонунгузории Тоҷикистон ҷараён гирифт.Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили вобаста ба ҳамкориҳои дигари кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нақши Тоҷикистон дар ин иттиҳод сурат гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






