Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳелга Мария Шмид
Душанбе, 11.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини котиби генералии Хадамоти аврупоии фаъолияти хориҷӣ Ҳелга Мария Шмидро, ки барои иштирок дар Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба амният ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамгироии амниятии Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва ҳам мавзӯъҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат аз ҷумла изҳор дошт: “Итиҳоди Аврупо дар минтақаи аз назари геополитикӣ муҳими Осиёи Марказӣ, ки дар сафи пеши мубориза бо хатару таҳдидҳои глобалии муосир қарор дорад, метавонад дар симои Тоҷикистон шарики муътамад ва стратегии худро бубинад”.
Ҳелга Мария Шмид дар навбати худ ба нақши Тоҷикистон дар таъмини амну субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва мусоидаташ ба эҳёи ҳаёти осоишта дар Афғонистон баҳои баланд дод.
Бо назардоштии вобастагии амну суботи минтақа бо авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, аз ҷумла таъкид гардид, ки барои нигоҳ доштан ва таҳкими эътидоли сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ бояд ба татбиқи лоиҳаҳои ба рушди ҳамаҷонибаи минтақа нигарондашуда ҷаҳду талош кард.
Ҳелга Мария Шмид омодагии Иттиҳоди Аврупоро ба мусоидати бештар ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа барои таҳкими амну субот аз тариқи дастгирии рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум таъйид кард.
Изҳори бовар карда шуд, ки доира ва самтҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо минбаъд беш аз пеш густариш меёбад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






