Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Николай Бордюжа
Душанбе, 13.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар СААД, афзалиятҳои раёсати кишвари мо ва омодагӣ ба ҳамоишҳои сатҳи баланд ва олии он, ки дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд, зоҳир гардид.
Рафти татбиқи амалии қарорҳои қаблан дар сатҳи олӣ қабулшуда, аз ҷумла доир ба расондани кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва тақвияти имконоти техникӣ барои пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.
Николай Бордюжа ба Сарвари давлати Тоҷикистон, Раиси амалкунандаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷараёни корҳо гузориш дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки нақшаи чорабиниҳои раёсати Тоҷикистон дар СААД босамар амалӣ мегардад.
Доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои сиёсию иҷтимоӣ ва амниятӣ дар минтақаҳои доғи олам ва роҳҳои пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






