Мулоқоти Имомуддин Сатторов бо губернатори вилояти Иваново

Март 30, 2015 13:29

Душанбе, 30.03.2015. (АМИТ «Ховар»,  Марҳабои  Азамат).- Сафири  фавқулодда  ва  мухтори  ҶТ  дар  ФР  Имомуддин  Сатторов  дар  ҳошияи  сафари  кориаш  ба  вилояти  Иваново бо губернатори  вилоят  Павел  Конков  мулоқот  анҷом дод. 
Ҷонибҳо вазъу  дурнамои   ҳамкории  дуҷонибаи  байни  Тоҷикистон  ва  вилояти  Иваново  дар   бахшҳои  тиҷорату  иқтисодиёт,  сармоягузорӣ, фарҳангу  гуманитарӣ  ва кишоварзӣ, ҳамчунин  масоили танзими  раванди  муҳоҷирати  меҳнатиро   мавриди  муҳокима қарор  доданд.
Дар  ин  бора  намояндаи  расмии Сафорати  ҶТ дар  ФР  Муҳаммад  Эгамзод ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод.
«Мо ҷонибдори  рушди  босуръати  муносибатҳо дар  сатҳи баланд буда, ният  дорем, ки моҳи  май ҳайати  вилояти  Ивановоро ба  Тоҷикистон  фиристода,  хусусан  аз  вилояти  Хатлон, ки бо  он   созишномаи ҳамкориро имзо кардаем,  дидор  намоем»,  —  гуфт  губернатори вилояти  Иваново.
Сафири  Тоҷикистон  дар навбати  худ   зикр намуд, ки  дастовардҳои  имрӯзаи ҳамкории дуҷонибаи  Тоҷикистону  Русия  самараи  мушорикати  стратегӣ  ва  муносибатҳои дӯстонаи байни  ҳар  ду  кишвар  аст, ки дар  бахши  ҳамкории сиёсию  иқтисодӣ  ба  натиҷаҳои  судманд ноил шудааст. 
Имомуддин  Сатторов  ҳамчунин зикр намуд, ки  Тоҷикистон  барои  дастраси  Русия  ва вилояти  Иваново  гардонидани  маҳсулоти  кишоварзиаш  имкониятҳои  бузург  дорад. 
Зимни  мулоқот  ҳамчунин  дурнамои  ҳамкорӣ   дар  бахши  маориф,  аз ҷумла равобити  донишкадаҳои олӣ ва  тарбияи  кадрҳо  барои Тоҷикистон муҳокима  шуданд. 

Март 30, 2015 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!