Мулоқоти Н. Ҳикматуллозода бо Ҳишам Маъруф

Март 18, 2015 13:43

Душанбе, 18.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Алмаато оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҳишам Маъруф дирӯз дар шаҳри Душанбе мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби бонки мазкур дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод, кишоварзӣ ва дигар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ мубодилаи афкори судманд намуданд. 
 
 

Март 18, 2015 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш