Мулоқоти Р.Назарзода бо Ю.Федотов
Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- 13 март директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назарзода дар ҳошияи иҷлосияи 58 — уми Кумитаи байналмилалии назорати маводи мухаддир дар шаҳри Вена бо муовини Дабири кулли СММ, директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов мулоқот намуд.
Назар ба иттилоои Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот вазъ ва тамоюлу дурнамои маводи мухаддир дар минтақа, ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муборизаи зидди маводи нашъаовар ва барномаҳои Кумитаи байналмилалии назорати маводи мухаддири СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Юрий Федотов мақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили ташкили назорати гардиши маводи мухаддир ва фаъолиятро ба манзури таҳким бахшидани ҳамкории байналмилалӣ ва амнияти минтақа ба дараҷаи баланд арзёбӣ карда, зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои зиёдест, ки шарики боэътимоди Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар амри дастгирии татбиқи лоиҳаю барномаҳои зидди маводи мухаддир маҳсуб меёбад.
Худи ҳамон рӯз дар ҷаласаи иҷлосияи 58 — уми Кумитаи байналмилалии назорати маводи мухаддир бо иштироки роҳбарон масъалаҳои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба рӯйхатҳои миллии назорати маводи нашъаовар, ки дар Созишномаи соли 1971 қабулшудаи СММ оид ба маводи мухаддир ва моддаҳои фалаҷкунандаи асаб пешбинӣ шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни мулоқот даъватномаи Ҳукумати ҶТ барои иштирок дар кори конфронсе, ки бо ибтикори Президенти ҶТ доир мегардад, ба Юрий Федотов супурда шуд. Конфронси минтақавӣ дар сатҳи баланд аз рӯи масоили рушди ҳамкорӣ дар муборизаи зидди маводи мухаддир 27 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






