Мулоқоти Рустам Назарзода бо Силван Ланиэл
Душанбе, 2.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Директори Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар Рустам Назарзода бо Силван Ланиэл — атташеи ҳарбии Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳафтаи гузашта мулоқот намуд.
Р. Назарзода ба Силван Ланиэл оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақа, тамоюли рушди он, ҳамкориҳо ва амалиёти муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нақл намуд.
Атташеи ҳарбӣ омодагии худро дар гузаронидани тренинг дар заминаи Маркази таълимии агентӣ барои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи на танҳо Тоҷикистон, балки Афғонистон, Покистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин гузоштани саҳми арзанда дар таҳияи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» баён намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






