Мулоқоти С.Аслов бо Н. Бордюжа
Душанбе, 13.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- 13 марти соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Аслов Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби СААД мавриди муҳокима қарор гирифта, ба татбиқи авлавиятҳои раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД дар соли 2015 таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Таъкид гардид, ки мақсади асосии Тоҷикистон дар давраи раисии худ ин таҳкими имкониятҳои сҷиҳати мубориза алайҳи чолишҳои муосир мебошад.
Ҳамчунин атрофи омодагӣ ба ҷаласаҳои мақомоти оинномавии СААД, ки доиршавиашон дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, мубодилаи афкор сурат гирифт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






